Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзи иди модарон - 8-уми март, афроди номаълум Умеда Раҳимоваи 19-соларо бо зарби 17 корд ба қатл расонидаанд.

Модари марҳум Раҳимова, ки дар маҳаллаи 33-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба сар мебурдааст, рӯзи 10-уми март дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, намедонад, кӣ ва ба чӣ хотир духтарашро куштааст. Дар ғояти ғаму андӯҳ, бо чашмони пурашк вай гуфт: «Ҳодиса рӯзи 8-уми март шуд. Мо дар меҳмонӣ будем. Ин ки ҳодиса дар рӯзи 8-уми март шуд, гуфти русҳо «совпадений» аст, ба ин ид ва ягон рабте надорад. Шумо ба мақомоти қудратӣ ва тафтишотӣ муроҷиат кунед. Дигар мо чизе гуфта наметавонем. Дигар савол надиҳед, шумо муфаттиш нестед!».

Бо ҳамин хитоб модари Раҳимова бидуни зикри номаш моро аз наздаш ронд ва танҳо инро гуфт, ки духтараш хонандаи синфи 11-уми мактаби 66-уми шаҳри Душанбе буд. Падари Умеда, ки афроди барои ҳамдардӣ омадаро қабул мекард, дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба «Озодӣ» гуфт, ки ӯ ҳам дар мавриди қатли ҷигарбандаш ягон иттилоъ надорад, чунки дар он шабу рӯз дар истироҳатгоҳи «Баҳористон» дар шаҳри Қайроқум қарор дошт ва барояш занги задаву аз ин фоҷеа хабар додаанд.

Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ҷинояти куштори духтари ҷавон, сокини маҳаллаи 33-и ноҳияи Синоро, ки рӯзи 8-уми март рух додааст, додситонии ин ноҳия таҳқиқ дорад. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 10-уми март дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки ҳодисаи куштори духтари ҷавон, сокини маҳаллаи 33-и и ноҳияи Сино аз сӯи муфаттишони додситонии ин ноҳия мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ба ин далел ҷаноби Садриддинов гуфт, ки дар мавриди ҷузъиёти ин ҳодиса додситонӣ метавонад, изҳори назар кунад.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино низ бо он, ки вуқӯи ҷинояти куштори ин духтари ҷавонро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки раҳбарияти ин шӯъба дар додситонии ноҳия қарор доранд ва муштаракан бо кормандони додситонӣ машғули таҳқиқи ин ҷиноят мебошанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони додситонии ноҳияи Сино ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки тафтиши ин ҷиноят тавассути муфаттишони ин додситонӣ ҷараён дорад.

Ҳарчанд ин масъулон исми ин духтарро ифшо накарданд, аммо гуфтанд, ки вай 19-сола будааст. Аммо як манбаъ дар додситонии ноҳияи Сино гуфт, ки "бо иттилое, ки дар даст аст, куштори ин духтари ҷавон аз сӯи ҷавони дӯстдоштааш сурат гирфтааст. Ҳоло ин ҷавон мавриди пайгард қарор дорад ва тибқи баъзе маълумотҳо, пас аз ҷинояти куштор ба ноҳияи Ғарм рафтааст. Маъмурони интизомӣ дар талоши дастгир кардани ин ҷавон ва гуруҳе ба шарқи Тоҷикистон фиристода шудааст."

Ба гуфтаи ин манбаъ, "яке аз фарзияҳо ин куштор ин аст, ки ҷавон барои духтари дӯстдоштааш дар рӯзи 8-уми март тӯҳфа овардааст, аммо вай аз хона берун нашудааст, то тӯҳфаро бигирад, ки ин боиси қаҳри ҷавон шуда ва ӯ даст ба куштор задааст". Аммо ба таъкид ин манбаъ, "фарзияи дигаре аст, ки куштор бар пояи муомилоти пулӣ миёни ин ҷавону духтар" иттифоқ афтодааст.

Дар рӯзи Иди байнулмилалии бонувон кушта шудани Умеда Раҳимова бо вуҷуди он ки мумкин аст, як тасодуф бошад ва қазияи тӯҳфа ин хабарро дар саросари Душанбе паҳн намуд ва дар пасманзари хомӯшии мақомоти расмӣ, овозаҳои гуногунро ба миён овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG