Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сироҷиддин Аслов баъди Маскав ба Ню Йорк рафт


Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10-уми март ба Амрико сафар кард ва чаҳор рӯз онҷо хоҳад буд. Дафтари матбуоти вазорат, рӯзи душанбе хабар дод, ки дар ҷараёни ин сафар Сироҷиддин Аслов дар ҳамоиши махсус бахшида ба натиҷагирӣ аз Соли байналмилалӣ ҳамкорӣ дар арсаи об дар шаҳри Ню Йорк ширкат мекунад ва чанд мулоқоти дуҷониба ҳам хоҳад дошт. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора нашр накардаанд. Аз ин пештар дар рӯзи 8 март, Сироҷиддин Аслов дар шаҳри Маскав буд ва бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард ва барномаҳои ҳамкориҳои байни вазоратҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2014-ро ба имзо расонд.
XS
SM
MD
LG