Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшуда идома дорад


Мақомоти расмии Ветнам мегӯянд, ки ҷустуҷӯи порае, ки фикр мекарданд, дари ҳавопаймои нопадидшудаи ширкати Малайзия Эйрлайнз бошад, ҳеҷ натиҷа надодааст. Рӯзи якшанбе маъмурони наҷоти Ветнам гуфтанд, ки дар миёни Таиланд ва Баҳри Чини Ҷанубӣ порчаи ҳавопайморо мушоҳида карданд, вале бо фаро расидани торикӣ, ҷустуҷӯро хотима доданд. Киштиву ҳавопаймоҳое, ки рӯзи душанбе ба ин маҳал баргаштанд, ҳеҷ осоре аз ҳавопаймои мусофирбари Боинг 777 пайдо накарданд, ки он бо 239 сарнишинаш рӯзи шанбе ба таври асроромез аз радарҳо нопадид шуд. Ҳавопаймо аз шаҳри Куала Лумпур бархоста ва ба Пекин парвоз мекард, вале иртиботи он бо маркази назорат дар миёни Малайзия ва Ветнам канда шуд. Пулиси байналмилалӣ Интерпол рӯзи якшанбе таъйид кард, ки ду мусофири ҳавопаймо бо шиносномаҳои дуздӣ ба он роҳ ёфтаанд. Азбаски аз ҳавопаймо ҳеҷ паёми изтирорӣ ба маркази назорат нарасидааст, мутахассисон тахмин мекунанд, ки нуқси фалокатбор ва ё таркиш сабаби суқути ҳавопаймо шуда бошад.
XS
SM
MD
LG