Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон мехоҳанд, афғонҳо ба интихобот нараванд


Толибон таҳдид кардаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 5 апрел дар Афғонистонро ба ҳам мезананд. Дар имейле, ки аз номи Толибон ба дасти хабаргузориҳо расидааст, гуфта мешавад, “Мо ба муҷоҳиддини худ амр додем, тамоми нерӯи худро ба кор бурда ва интихоботи ояндаи дурӯғинро ба ҳам бизананд.” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, гуфт, ин гурӯҳ аз тамоми рӯҳониён дар Афғонистон мехоҳад, бигӯянд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ “як дасисаи Амрико” аст. Дар баёнияи Толибон омадааст, ки “ҷангҷӯёни гурӯҳ тамоми кормандони интихоботӣ, фаъолон, маъмурони амниятӣ ва кормандони ниҳодҳои давлатиро ҳадаф хоҳанд гирифт” ва афғонҳо набояд ба раъйдиҳӣ бираванд ва ҷони худро дар хатар бигузоранд. Интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон дар соли 2009 бо ҳамлаву хушунат олуда шуд ва да рӯзи раъйдиҳӣ 31 ғайринизомӣ ва 26 сарбозу маъмурони пулис кушта шуданд. Дар интихоботи оянда, ҷойгузини Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури феълии Афғонистон маълум мешавад.
XS
SM
MD
LG