Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маршал Фаҳим дар Кобул ба хок супурда мешавад


Маросими ба хоксупории Маршал Муҳаммадқасими Фаҳим рӯзи сешанбе баргузор мешавад. Мақомҳои комиссияи олии баргузории ин маросим мегӯянд, ки маршал Муҳаммадқасим Фаҳим дар Кобул ба хок супурда хоҳад шуд. Имрӯз нахустин рӯзи мотами миллӣ ба хотири даргузашти муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон мебошад ва ин муносибат се рӯз дар саросари Афғонистон мотами миллӣ эълом шудааст. Пайкари Маршал Муҳаммадқасим Фаҳм барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш вилояти Панҷшер мунтақил намешавад. Қаблан дар бархе аз гузоришҳои таъйидношуда омада буд, ки ӯ дар Панҷшер ба хок супурда хоҳад шуд. Аммо мақомоти ҳукумати Афғонистон мегӯянд, ки маросими хоксупории Маршал Фаҳим дар Кобул баргузор хоҳад шуд. Ҳукумати Афғонистон се рӯзи маросими хоксупории Маршал Фаҳимро таътили умумӣ дар саросари Афғонистон эълом кардааст. Комиссияи олии баргузории ин маросим аз ҳамаи расонаҳо хоста то давоми се рӯзи мотами миллӣ пахши оҳангҳо ва барномаҳои мухолиф бо рӯҳияи мотам ва азодорӣ, худдорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG