Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ширкати "Сименс" дар бозсозии нерӯгоҳҳои Тоҷикистон


Мақомоти ширкати Сименс эълон кардаанд, ки "ин ширкат омодааст дар навсозии техникиву технологии ниругоҳҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои барқии ин кишвар саҳм гузоранд. Михаэл Зюс, узви Раёсати ширкати Сименс, ин маттлабро шоми якшанбеи 9--уми март дар ҷараёни дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе изҳор кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот ҳамчунин Штефан Колер, раиси Оҷонсии энергетикии Олмон низ ширкат дошт ва гуфтугӯҳо бештар дар робита ба имконоти мушорикати Олмон ва ширкатҳои бонуфузи ин кишвар дар иҷрои лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмону навсозии нерӯгоҳҳои барқӣ, истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли нерӯи барқ ва бунёди шабакаҳои таҳвил ва интиқоли барқ сурат гирифт. Ба навбаи худ Михаэл Зюс “ин ширкат тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон намояндагии доимии худро таъсис диҳад”. Ин ҳам дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Олмонро аз шарикони боэътимоди кишвараш дар Аврупо унвон карда ва изҳори боварӣ намудааст, ки рушди ҳамкорӣ бо ин кишвари Аврупо, бахусус дар соҳаи энергетика ва ҷалби технологияи муосир, пурсамар хоҳад буд
XS
SM
MD
LG