Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо Ятсенюк дар Кохи Сафед мулоқот мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи чаҳоршанбе, 12 март, нахуствазири Украина Арсений Ятсенюкро ба ҳузур мепазирад. Дар ин бора рӯзи якшанбе Тони Блинкен, муовини ёвари раисиҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ, ба телевизиони NBC хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Обама ва Ятсенюк бӯҳрони Украинаро баррасӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳури ИМА нахуствазири Украинаро ба хотири изҳори пуштибонӣ ба Кохи Сафед даъват кардааст.

Аз ин пеш худи Ятсенюк ба хабарнигорон гуфта буд, ки ҳафтаи оянда ба хотирии баррасии бӯҳрон дар нимҷазираи Қрим ба Вошинтон сафар мекунад. Ӯ афзуд, ки Украина ҳатто як ваҷаб замини худро ба Русия нахоҳад дод.

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Севастопол афроди русгаро ба мухолифини ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия, ки дар канори муҷассамаи Тарас Шевченко 200-солагии ин шоири маъруфро таҷлил мекарданд, ҳамла оварданд. Дар шаҳри Симферопол бошад, намоишҳои ҷонибдорон ва мухолифини ҳамроҳшавии Қрим ба Русия бидуни хушунат гузаштанд.
XS
SM
MD
LG