Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятсенюк: Украина як ваҷаб заминро ба Русия намедиҳад


Нахуствазири Украина Арсений Ятсенюк рӯзи якшанбе, 9 март, хабар дод, ки ҳафтаи оянда ба хотирии баррасии бӯҳрон дар нимҷазираи Қрим ба Вошинтон сафар мекунад. Ӯ афзуд, ки Украина ҳатто як ваҷаб замини худро ба Русия нахоҳад дод.

Рӯзи якшанбе дар шаҳри Севастопол афроди русгаро ба мухолифини ҳамроҳ шудани Қрим ба Русия ҳамла карданд. Дар шаҳри Симферопол бошад, намоишҳои ҷонибдорон ва мухолифини ҳамроҳшавии Қрим ба Русия бидуни хушунат гузаштанд.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Украина, ки бо вазъи сангини иқтисодӣ дасту панҷа нарм мекунад, дар мавриди сарфаи маблағҳои давлатӣ тасмим гирифт. Дар эъломияи ҳукумат, ки рӯзи якшанбе, 9 март, нашр шуд, дар бораи коҳиши хароҷоти мансабдорони ҳукуматӣ хабар дода шудааст.

Қарор аст, ки пардохти маблағ барои сӯҳбатҳо аз тариқи телефонҳои мобайл, хариди нақлиёт (ба ҷуз мошинҳои “ёрии таъҷилӣ”, сӯхторнишон ва хадамоти наҷотбахшӣ), хариди телефонҳои дастӣ, компутарҳо ва таъмири биноҳо муваққатан қатъ карда шавад. Сафарҳои корӣ ба дигар кишварҳо маҳдуд ва пардохти маблағ аз буҷа барои парвозҳои чартерӣ манъ карда хоҳад шуд. Ба Бунёди амволи давлатӣ дастур дода шудааст, ки амволи қароргоҳу бӯстонсаро ва фароғатгоҳҳои давлатиро тафтиш кунад. Дар чаҳорчӯби чораҳои сарфаи маблағҳои давлатӣ ҳамчунин сармоягузории намоишгоҳҳо, ярмаркаҳо, анҷуманҳо, тахсиси маблағ барои таҷлили санаҳои таърихӣ ғайримумкин хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG