Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти Боинг-777-и ғайбзада номаълум боқӣ мемонад


Киштиҳову ҳавопаймоҳои вйетнамӣ, ки барои ҷустуҷӯи ҳавопаймои нопадидшудаи ширкати Malaysia Airlines сафарбар шудаанд, дар атрофи доғҳои нафтии рӯи баҳр пайдошуда нишоне аз Боинг-777-ро ошкор накарданд. Баъд аз ошкори ин доғҳо мақомоти Вйетнам ҳадс заданд, ки шояд ҳавопаймо он ҷо суқут карда бошад.

Вазорати нақлиёти Малайзия рӯзи якшанбе, 9 март, эълом дошт, ки минтақаи ҷустуҷӯи ҳавопаймо густурдатар мешавад.

Боинг-777 бо 239 мусофир шоми рӯзи ҷумъа баъд аз ду соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур аз экранҳои радарҳо нопадид шуд. Ҳавопаймо бояд субҳи рӯзи шанбе дар фурудгоҳи шаҳри Пекин фуруд меомад.

Ба итилои ширкати ҳавопаймоии Малайзия, мусофирон шаҳрвандони 14 кишвар будаанд. Миёни онҳо аз ҳама бештар -151 нафар чиноиҳо ва боқимода шаҳрвандони кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ буданд. Яке аз раҳбарони ин ширкат Ҳю Данливӣ рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар фурудгоҳи Пекин гуфт, ки "мо бо аъзои хонаводаҳои мусофирон сӯҳбат кардем ва бо гузашти беш аз 30 соат аз қатъ шудани ҳама гуна тамос бо ҳавопаймо чунин мешуморем, ки пайвандони мусофирон бояд омодаи шунидани хабари нохуш бошанд”.

Бар пояи хабарҳо, фарзияи суқути ҳавопаймо бар асари ҳамлаи террористӣ низ тафтиш мешавад. Ба ин хотир мақомоти амниятӣ ба омӯзиши рӯйхати мусофирон шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG