Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Моликӣ Арабистони саудӣ ва Қатарро айбдор мекунад


Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, мақомоти Арабистони саудӣ ва Қатарро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди ҳукумати Бағдод ва нооромсозии авзоъ дар кишвараш айбдор кард. Дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии France 24 рӯзи шанбе ӯ гуфт, ки аъмоли ин давлатро дар қиболи Ироқ ба ҷуз эълони ҷанг наметавон тафсир кард. Ба гуфтаи Ал-Моликӣ, Ар-Риёз ва Доҳа ба гурӯҳҳои ифротгарон кӯмаки сиёсӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ мекунанд ва “барои гурӯҳҳои террористӣ силоҳ мехаранд”.

Нахуствазири Ироқ иттиҳом дар бораи таъқиби суннимазҳабҳоро дар Ироқ рад кард ва гуфт, ки овозаҳо дар ин бора аз сӯи ҷудоиандозони наздик бо Арабистони саудӣ ва Қатар паҳн мешаванд.

Ироқ дар хунбортарин марҳала аз соли 2008 ба ин сӯ қарор дорад. Ба навиштаи France-Presse, фақат дар ду моҳи соли равон бар асари амалҳои террористӣ ва ҳамлаҳо беш аз 1800 нафар ба ҳалокат расиданд.

Қарор аст, ки моҳи апрел дар Ироқ интихоботи парлумонӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG