Пайвандҳои дастрасӣ

Довуди Пажмон дар "Ситораи афғон" чаҳорум шуд


Довуди Пажмон.

Довуди Пажмон.

Довуди Пажмон, ки бо иҷрои навоҳои маҳаллии тоҷикони Бадахшони Афғонистон то марҳилаҳои поёнии озмуни "Ситораи афғон" роҳ ёфта буд, аз ин сабқат берун шуд.

Ӯ ки сайри ҳунарии худро дар ин озмун аз кӯҳпораҳои Помир то Кобул бо сурудани шеъри "Бӯи ҷӯи Мӯлиён"-и устод Рӯдакӣ оғоз карда буд, дар озмуни имсолаи "Ситораи афғон" аз маҳбубтаринҳо буд ва аз умедҳои аслии ин озмун ба ҳисоб мерафт.

Дар даври 30-юми ин озмун, ки ҳафтаи гузашта доир шуд, Довуди Пажмон аз се иштирокчии дигар Ораши Бориз, Ноиби Ноёб ва Рабӣ Беҳзод раъй камтар ба даст овард ва бо касби мақоми чаҳорум аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Ба гуфтаи доварони ин озмун, ин ҳунарманди ҷавони бадахшӣ аз умдатарин бозёфтҳои марҳилаи 9-уми озмуни "Ситораи афғон" буда ва бо вуҷуд маъмул будани асбоби мусиқии маҳаллӣ бо номи "қашқарча" дар Афғонистон, ҳамакнун он бо номи Довуди Пажмон гиреҳ хӯрдааст.

Довуди Пажмон дар озмуни имсолаи «Ситораи афғон» дар марҳилаҳои қаблӣ бо сабки ба мардуми Бадахшон хос таронаҳо, аз ҷумла аз ашъори устод Рӯдакӣ ва Мавлонои Балхӣ тақдим карда буд.

Озмуни «Ситораи афғон» бо ибтикори телевизион «Тулӯъ» сар аз соли 2005 баргузор мешавад ва ҳадафи он, кашф ва бозёфти ҷавонони боистеъдод дар Афғонистон мебошад. Барандаи имсолаи озмуни "Ситораи афғон" дар остонаи Ҷашни Наврӯз эълон мешавад. Ғолибон аз тариқи орои мардум, ки тариқи паёмак ва ё СМС аз дохил ва хориҷи Афғонистон ирсол мешаванд, муайян карда мешаванд.







Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG