Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брюссел созиш бо Киевро "фавран" имзо мекунад


Жозе Мануэл Баррозо, раиси Комиссиюни Аврупо, рӯзи 8 март изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст “ба таври оҷил” бахши сиёсии Созиши ҳамгироӣ бо Украинаро имзо кунад. Дар нишасти сарони шаҳру вилоятҳои Аврупо дар Афина ӯ гуфт, имзои ин созиш ӯҳдадорӣ ва қарз пеши Украина аст, ки барои арзишҳои умумиаврупоӣ тақрибан сад шаҳрвандаш ҷон бохтаанд.

Аз ин пеш гурӯҳи нозирони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо бори дигар талоши вуруд ба нимҷазираи Қримро карданд ва аммо дар як постгоҳ онҳоро афроди мусаллаҳ нигаҳ доштанд. Ин низомипӯшони ҷонибдори Русия чанд бор сӯи ҳаво оташ кушоданд ва нозирон маҷбур шуданд, ки ба шаҳри Херсон баргарданд.

Андрей Дешитса, кафили вазорати умури хориҷии Украина, рӯзи шанбе, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев изҳор намуд, ки кишвараш аз Қрим даст намекашад ва барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрон дар ин нимҷазира ҳама талошҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG