Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санкт-Петербург намоиши зиддиҷангӣ баргузор шуд


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия намоиши зиддиҷангӣ баргузор шуд, ки дар он тақрибан ҳазор нафар эътирози худ алайҳи дахолати низомии Русия ба умури Украинаро иброз доштанд.

Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, фақат аҳзоби чапгарои Русия ба дарёфти иҷозаи баргузории намоиши зиддиҷангӣ муваффақ шуданд, аз ин рӯ дигар аҳзоб, аз ҷумла, Ҳизби рушд ва РПР-ПАРНАС онҳоро ҳамроҳӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки шиори асосии ҳамоиш “Нест боз ҷанг!” буд, вале бархе аз ширкаткунандагон на фақат алайҳи дахолати ҳукумати Путин ба умури Киев, балки алайҳи миллатгароҳои украин дар Евромайдон ҳам шиор заданд.
XS
SM
MD
LG