Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дешитса: "Киев аз Қрим даст бардоштанӣ нест"


Андрей Дешитса

Андрей Дешитса

Андрей Дешитса, кафили вазорати умури хориҷии Украина, рӯзи шанбе, 8 март, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев изҳор намуд, ки кишвараш аз Қрим даст намекашад ва барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрон дар ин нимҷазира ҳама талошҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Ҳамзамон бо ин вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ҳукумати феълии Украинаро “пойбанди нерӯҳои радикале” номид, ки гӯё ҳукумати Киевро ғасб кардаанд. Ӯ баъд аз анҷоми музокирот бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов дар шаҳри Маскав дар нишасти хабарии муштарак гуфт, ки кишварҳои ғарбӣ бо авзоъ дар Украина хуб ошноянд, аммо ба хотири дифоъ аз манфиатҳояшон далелҳоро нодида мегиранд.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин нишасти хабарӣ аз авзоъ дар Украина изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолиаш кашмакашҳои сиёсиро таҷриба карда буд ва паёмадҳои сангини онро дарк мекунад. Ба таъкиди ӯ, ин моҷароҳо боиси поён рафтани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар барои муддатҳои тулонӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG