Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози яманӣ дар пойгоҳи низомӣ


Мусаллаҳони “Ал-Қоида” рӯзи шанбе, 8 март, ба пойгоҳи низомии артиши Яман дар шаҳри Лаудери вилояти ҷанубии Абён ҳамла карданд. Як мақоми аршади низомии Яман ба хабарнигорон гуфт, дар ин ҳамла ду низомие, ки пойгоҳро муҳофизат мекарданд, ба ҳалокат расиданд. Дар тирандозӣ яке аз ҳамлагарон – шаҳрванди Арабистони саудӣ кушта шуд. Дар робита ба ин ҳодиса ду сокини Яман дастгир шуданд.

ИМА гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб”, ки дар Яман фаъолият дорад, яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои ин шабака мехонад.

Соли 2011 гурӯҳҳои ифротгаро чанд минтақа дар ҷануби Яман забт карданд ва аммо баъд аз амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бо пуштибонии ИМА барои тарки чанд шаҳри бузургу рустоҳо маҷбур шуданд. Акнун ин ҷангиён пайваста ба нерӯҳои амниятии Яман ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG