Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боинг-777-и нопадидшударо дар соҳилҳои Вйетнам меҷӯянд


Амалиёти ҷустуҷӯи ҳавопаймои Боинг-777-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии Малайзия рӯзи шанбе, 8 март, дар соҳилҳои Вйетнам шурӯъ шуд. Расонаҳои Вйетнам бо такя ба нерӯҳои баҳрии кишвар хабар доданд, ки ҳавопаймои нопадидшудаи Боинг-777 дар ҷазираи То-Чу суқут кардааст.

Аз ин пеш Чин барои пайдо кардани нишоне аз ҳавопаймои нопадидшуда ду киштиро ба соҳилҳои Вйетнам фиристод.

Шаби гузашта мақомоти Малайзия иттилоъ доданд, ки ин ҳавопаймо бо 239 мусофир баъд аз ду соати парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Куала-Лумпур аз экрани радар нопадид шуд. Ҳавопаймо бояд субҳи рӯзи шанбе дар фурудгоҳи шаҳри Пекин фуруд меомад.

Ширкати ҳавопаймоии Малайзия гуфтааст, ки мусофирон шаҳрвандони 14 кишвар будаанд. Миёни онҳо аз ҳама бештар -151 нафар чиноияҳоянд.
XS
SM
MD
LG