Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Ҷалолобод як раҳбари маҳаллӣ ҷон бохт


Дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар шарқи Афғонистон, бар асари таркиши бомб раиси ҳукумати волусволии Нозиёни вилояти Нангарҳор ба ҳалокат расид. Дар ин ҳодиса шаш нафари дигар, аз ҷумла, ду муҳофизи ӯ ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои полис, бомб дар мошини раиси ҳукумат ҷойгузорӣ шуда буд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Ба навиштаи хабаргузории Associated Presse, дар минтақаи Нозиён гурӯҳҳои мусаллаҳи толибон фаъоланд. Моҳҳои ахир артиши Афғонистон алайҳи толибони мустақар дар ин мавзеъ чанд амалиёти низомӣ доир кард.
XS
SM
MD
LG