Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби ҷумъаи 7-уми март маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи барпо гардид.

Ин маросими пуршукӯҳ бо ҳузури беш аз 40 ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи “Фишт” бо суруди миллии Русия шурӯъ шуд. Пас аз он парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии кишварҳои ширкаткунандаи бозиҳо барпо гардид. Қисми бадеии маросим бо суруди овозхон Юлия Самойлова дар бораи дӯстӣ ва ягонагӣ ба поён расид.

Сипас Дмитрий Чернишенко, раҳбари кумитаи тадорукоти «Сочи-2014» ва Филипп Крэйвен, раиси Кумитаи байналмилалии паралимпӣ, суханронӣ карда, ширкаткунандагони бозиҳо, тамошобинону меҳмонон ва мизбононро бо оғози бозиҳо табрик намуданд. Баъдан раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин Бозиҳои XI зимистонаи паралимпиро дар Сочи кушода эълон кард.

Ба варзишгоҳ шӯълаи оташи паралимпӣ – машъалро беҳтарин паралимпичиён ворид карданд. Олеся Владикина ва Сергей Шилов бо машъал ба сӯи ҷоми оташ, ки дар Боғи олимпӣ буд, давиданд. Онҳо бо машъал оташи олимпиро даргиронданд. Маросими кушоиши ботантанаи Паралимпиадаи Сочи-2014 бо фейерверк ё тарфбозии боҳашамат ба анҷом расид.

Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ аз 7-ум то 16-уми март баргузор мешаванд. Ба барномаи Бозиҳо 5 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг бо аробача, пойгаи лижатозӣ ва слеҷ-хоккейи рӯи ях дохиланд.

Дар ин бозиҳо варзишгарони 45 кишвари ҷаҳон барои 72 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Аз ҳама бештар аз қораи Аврупо – 30 кишвар - ширкат меварзад. Аз қитъаи Амрико 6 кишвар – Аргентина, Бразилия, ИМА, Канада, Мексика ва Чили, аз қораи Осиё 7 кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Муғулистон, Узбакистон, Чин, Ҷопон ва Эрон, аз Уқёнус 2 кишвар – Австралия ва Зеландияи Нав иштирок мекунанд.

Дар Паралимпиадаи Сочи аз собиқ кишварҳои шӯравӣ варзишгарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Украина иштирок мекунанд.

Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони кишвари мо дар Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи ширкат намеварзанд. Ҳарчанд мо ба Паралимпиадаи Сочи даъватнома гирифтаем, вале аз сабаби он ки дар намудҳои зимистона варзишгар надорем, дар ин бозиҳо иштирок намекунем.”

ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ XI ЗИМИСТОНАИ ПАРАЛИМПӢ ДАР СОЧИ

XS
SM
MD
LG