Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нонҳои доирашакл - нишоне аз даврони Хуршедпарастӣ


Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб то имрӯз нишонаҳои нақшбанидӣ дар нон ва маҳсулоти нонӣ боқӣ мондааст.

Ховаршинос Зафари Мирзоён рӯзи ҷумъаи 7-уми март зимни сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" иброз дошт, ки воқеан истифодаи нақшбандӣ ва тасвири чакан болои нон, матоъ, оҳанҳои ранга ва ғайра аз замони «Меҳрпарастӣ» миёни мардуми тоҷик ва махсусан мардуми кӯҳистон боқӣ мондааст.

Зафари Мирзоён мегӯяд, нақшбандӣ на танҳо барои зебу зиннат ва ороиши ин ашёҳост, фалсафаи асосии ин заҳмати кадбонувону модарон, ки дар замони Хуршедпарастӣ ба офтоб эътиқод доштанд ва ҳамаи ин нақшбандиҳоро акси офтоб дар рӯи замин медонистанд, маҳаки асосии ин заҳматҳост.

Зафари Мирзоён
Зафари Мирзоён
Ӯ мегӯяд, "ҳатто ашёҳое, ки барои пухтани нон истифода мешавад, мутаносиб ба офтоб аст, масалан доирашаклии танӯре, ки имрӯз мардумони кӯҳистони мо дар он нон мепазанд, ё дигар ашё ки рафида ном бурда мешавад, он ҳам доирашакл аст ва мутаносиб ба ҳамон фалсафаи гузаштагони мост."

Хиёлбӣ Саидова, яке аз нонпазҳои номдори минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аз таърих ва фалсафаи доирашакл будани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ маълумоти кам дорад, вале ӯ таъкид мекунад, ки ба ҷуз пухтани нонҳои доирашакл дигар ба ӯ чизе наомӯхтаанд. Ӯ мегуяд аз инҷост, ки доирашакл будани нон барои гузаштагони мо чӣ аҳамияте доштааст.

Хиёлбӣ Саидова бовар дорад, ки ҳар қадар нақшбандӣ болои нон зиёд бошад, ҳамон қадар сифати нон ва нархи нонро баланд мекунад. Ба гуфти ӯ, пухтани нонҳои нақшбандишуда маҳз аз моҳи авали баҳор бештар мегардад ва дар тӯю маросимҳо бештар барои пухтани чунин нонҳо ба ӯ муроҷиат мекунанд.

Нақшбандӣ болои нон яке аз шуғли асосии Давлатбӣ Назарова, сокини дигари шаҳри Кӯлоб аст, мебошад. Ин зани нонпаз, мегӯяд болои хамир нақши чаканро бо истифода аз корд, қошуқ ва қайчӣ анҷом медиҳад. Ба гуфти ӯ, истифодаи оҳан болои хамир миҷози нони пухташударо гарм мекунад ва заҳмати сангинеро талаб мекунад, то нақшҳо ҳатто баъди пухта расидани нон намоён бошад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҷашнвора ва маросимҳои расмии ҳукумати шаҳри Кӯлоб аксаран маҳсули дастони ин занҳо ба намоиш гузошта мешавад. Ба иттилои Таманно Мирова, раиси иттифоқи касабаи ҷамоати деҳоти «Зарбдор» - ноҳияи Кӯлоб, маҳсули дастони ин кадбонуҳо, ҳатто дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ба намоиш гузошта шудааст ва талаботи ҳаррӯзаи мардум ба ин намуди маҳсулоти нони бисёр аст, аммо на ҳамаи занҳо аз ӯҳдаи пухтани нонҳо нақшбандишударо доранд.

Таманно Мирова, мегӯяд барои онҳо хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо ин кадбонувон ҳунари худро боз ба фарзандон меомӯзанд ва ҷавононзанҳо идомабахши ҳунару санъати гузаштагони худ мегарданд.

Зимнан, муҳаққиқон бовар доранд, ки нақшбандӣ болои нон ва дигар ашёҳо нишона аз чакан аст ва чакани имрӯзаи тоҷик яке аз арнаментҳои мардумони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки муаррифгари тамаддуни тоҷикист.
XS
SM
MD
LG