Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суқути як ҳавопаймои Малайзия бо 239 мусофир дар обҳои Ветнам


Фурудгоҳи байналмилалии Куала-Лумпур.

Фурудгоҳи байналмилалии Куала-Лумпур.

Ҳавопаймои нопадидшудаи Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар обҳои наздики ҷазирае дар Ветнам суқут кардааст.

Нерӯҳои баҳрии Ветнам мегӯянд, ҳавопаймои нопадидшудаи Боинг-777 дар ҷазираи То-Чу суқут кардааст. Расонаҳои давлатии Чин бештар гузориш дода буданд, ки масъулони Ветнам нишонаҳоеро аз ҳавопаймои нопадидшудаи хутути ҳавоии Малайзия, ташхис додаанд.
Ин дар ҳолест, ки шаби гузашта мақомоти Малайзия хабар дода буданд, ки як ҳавопаймои мусофирбари вобаста ба хутути ҳавоии он кишвар бо 239 мусофир дар осмон нопадид шудааст. Ҳавопаймои Боинг-777 мутааллиқ ба як ширкати ҳавопаймоии Малайзия баъд аз тарки Куала-Лумпур --пойтахти Малайзия, иртиботи худро бо маркази назорат аз даст дода буд.

Хабаргузории Франс-пресс гузориш дод, ин ҳавопаймо бо 239 мусофир ба самти Пекин --пойтахти Чин дар ҳаракат буд, ки аз соати 2:40 дақиқаи бомдоди шанбе ба вақти маҳаллии он кишвар, нопадид шудааст. Қарор буд ҳавопаймо соати 6:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Пекин фуруд меомад.

Ба иттилои хабаргузориҳо, ин ҳавопаймо дар фазои Ветнам тамоси худ бо маркази назоратро аз даст додааст. Гуфта мешавад, охирин тамоси халабонон бо марказ замони парвози он дар ҷазираи Са-Мау дар Ветнам будааст.

Мақомоти ширкати ҳавонавардии Малайзия гуфтаанд, ки мусофирон шаҳрвандони 14 кишвар будаанд, ки дар миёни онҳо 151 чинӣ, 38 малайзӣ, 12 нафар аз Индонезия ва ҳафт тан аз Австралия мебошанд.

Тамос бо ҳавопаймо ду соат баъд аз парвоз аз пойхти Малайзия сурат гирифтааст. Хабаргузориҳои Чин гузориш додаанд, ки ҳавопаймо вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар нашуда ва бо маркази назорати парвозҳои ин кишвар дар тамос набудааст. Аммо мақомоти Ветнам гуфтаанд, ки ин ҳавопаймо барои як муддати кӯтоҳ вориди ҳарими ҳавоии он кишвар шуда, баъдан иртиботашро қатъ кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG