Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони маълули Украина дар Сочи ҳастанд, аммо..


Валерий Сушкевич, раиси Федератсияи Паралимпии Украина, гуфт, аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, хостааст, замонат бидиҳад, ки ҳангоми бозиҳои олимпии маълулон дар Сочи сулҳ барқарор хоҳад буд. Валерий Сушкевич рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон дар Сочи гуфт, ки дар мулоқоти хусусӣ бо Путин аз ӯ чунин тақозо кардааст. Ӯ афзуд, ки тими варзишгарони маълули Украина бозиҳои паралимпиро таҳрим намекунад, вале дар сурати идомаи ирсоли нерӯ ба кишвараш, бозиҳоро тарк хоҳанд кард. Бозиҳои паралимпи дар Сочи дар ҳоле ифтитоҳ шуд, ки нерӯҳои Русия ҷумҳурии мухтори Қрими Украинаро ишғол кардаанд. Ба ҳамин далел бисёре аз меҳмонони хориҷӣ аз кишварҳои ғарбӣ аз ширкат дар маросими ифтитоҳи бозиҳо даст кашидаанд.
XS
SM
MD
LG