Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуи пӯшидани сатр ё ҳиҷоб дар бархе аз хонаводаҳои Тоҷикистон боиси ихтилоф ва ҳатто хатари фурӯпошии оилаҳои ҷавон шудааст.

Мадина, омӯзгори ҷавон ва модари як фарзанд мегӯяд, қариб як сол аст, ки баҳси сатр миёни ӯ ва шавҳараш идома дошта, ба ин сабаб зиндагии оилавияш дар ҳоли азҳампошист. Ҳамсари Мадина "ду пойро дар як мӯза ҷо карда» мехоҳад, завҷааш рӯсарӣ кунад, аммо Мадина мегӯяд, ӯ феълан ба пӯшидани ин навъи либос омода нест.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Мадина ва шавҳараш ҳар ду таҳсилдида ва ҳар ду ҳам аз хонаводаҳои чандон мазҳабӣ нестанд. Аммо ҳамсараш, ки ба улуми динӣ таваҷҷӯҳ дораду то ҷое аз шариат огоҳ аст, ӯро аввал ба зорӣ ва ҳоло дигар ба зӯрӣ маҷбур дорад, пӯшиши исломиро ба бар кунад. Ва пешаш шарт ҳам гузоштааст, ки агар мехоҳӣ кор куниву зиндагии хуб дошта бошӣ, бояд ба сар ҳиҷоб бикашӣ.

Аммо Мадина мегӯяд, намехоҳад зиндагиаш вайрон шавад ва дар айни замон барои қабули ин пешниҳоди ҳамсараш ҳам омода нест, «наметавонам, шояд ба ин навъи либос одат накардааст ва шояд ҳам ба ин хотир, ки ҳоло омода нестам. Кор мекунам дар ҷойи кор бо ин либос бароям мушкил пеш меояд, аммо муҳимтар аз ҳама ман мехоҳам, барои ихтиёр кардани ин навъи либос худам пурра омода бошад. Барои ин вақт лозим аст. Ин масъала бароям ҷиддӣ аст ва хуб нест агар як нафар имрӯз кӯр- курона сатр бикашаду фардо боз онро аз сар дур кунад.»

Аммо Шариф, шавҳари Мадина дар сӯҳбат ба мо гуфт, ӯ аз қабл мехост ҳамсараш сатрпӯш бошад, вале чун медонист, ки барои завҷаи аврупоипӯшаш, якбора иҷро кардани ин хоҳиши ӯ мушкил хоҳад буд, интизор шуд ва ба хонумаш мӯҳлат дод. Ва акнун, мегӯяд ӯ, дигар фурсаташ омадааст, ки модари фарзандаш рӯсарӣ кунад.

Мадина ва Шариф, ҳоло танҳо хонаводае нестанд, ки мавзӯи сатр байнашон як навъ сардӣ ё ихтилофро ба миён овардааст. Агар бархе аз занону духтарон ҳоло бо ихтиёри худ ва сирф ба хотири ақидаҳои мазҳабӣ ё пайравӣ ба муд пӯшиши исломиро интихоб мекунанд, боз барои гурӯҳи дигари занону духтарон, ки ҳамсарону падаронашон иҷборан мехоҳанд онҳоро рӯсарипӯш кунанд ва ҳам ин корро мекунанд.

Барфимоҳ Ғаниева, раҳбари созмони ҷамъиятии "Хайрхоҳи замон», ки бештар дар миёни хонаводаҳо кор мебаранд, мегӯяд, намунаҳои зиёдеро медонад, ки маҳз ин ихтилофи назар дар сари мавзӯи сатр боис ба сар задании мушкилот байни зану шавҳар шудааст. Аммо ба қавли ӯ, дар аксари мавридҳо занон ба тақдир тан додаву амри шавҳаронро иҷро мекунанд. Барфимоҳ мегӯяд, занони зиёде имрӯз на бо хоҳиши худ, балки бо хоҳиши ва исрори ҳамсару бародар ё падарони худ рӯсарӣ мекунанд, «Бисёр ҳолатҳое дар оилаҳо рӯх медиҳад, ки шавҳарон барои пӯшидани сатр ба ҳамсарҳои худ фишор меоранд ва дар баъзе ҳолатҳо ин қариб то ба хонавайронӣ мерасад, аммо хушбахтона медонам, ки чандин чунин ҳодисаҳо бо дахолат ва панду насиҳати калонсолони хонаводаҳо ин мушкил ба хубӣ анҷом ёфтааст.»

Зимнан, дар Маркази боварии кумитаи кор бо занон ба мо гуфтанд, дар робита ба ин ихтилофи сатр дар хонаводаҳо иддае аз занон ба ин ниҳод муроҷиат ва ҳатто шикоят мекунанд. Солеҳа, як масъули Маркази «Бовари ба фардо» дар назди кумитаи кор бо занон дар ин замина гуфт, «ду зан муроҷиат карда буд, албатта худи онҳо дигар рӯсарӣ ба бар карда буданд, аммо аз он шикоят мекарданд, ки шавҳаронашон духтарчаҳоро маҷбур доранд, ки сатр пӯшанду мактаби миёна нахонанд. Аммо занҳо инро намехоҳанд, мехоҳанд духтаронашон соҳибилм бошанд. Мо ҳам дар ин ҳолатҳо падар ё ҳамсаронро даъват карда бо онҳо сӯҳбат мекунем, ки ин роҳи нодуруст ва ғайриқонунӣ аст.»

Зимнан як назарсанҷии Кумитаи кор бо занон дар чанд соли пеш дар миёни беш аз 2000 занону духтарони сатрпӯш, мӯайян карда буд, ки 20 дарсади занону духтарон иҷборан сатр ба бар мекунанд, 40 дар садро шавҳарон ва боқимондаро волидону бародарон маҷбур мекунанд. Барфимоҳ Ғаниева, раҳбари созмони «Хайрхоҳи замон» мегӯяд, як омили аслии сар задании чунин ихтилофои назар дар бархе аз хонаводаҳои ҷавон ва бо роҳи маҷбурӣ рӯсарипӯш кардани занон аз сӯйи мардон, мазҳабӣ шудани ҷавонон ва таъсири мавъизаҳои рӯҳониён аст, ки солҳои ахир ҷавонон ба онҳо зиёд таваҷҷӯҳ доранд.

Хонум Ғаниева мегӯяд, «Аксарияи таълимоту моҳияти исломро нодуруст дарк кардаву дигар аз роҳи маҷбурсозӣ кор мегиранд. Ҳоло аксар ҷавонписарон мехоҳанд ҳамсарони сатрпӯш дошта бошанд ва ҳастанд ҳолатҳое ҳам, ки духтарон барои бунёди оила сатрпӯш мешаванд ва вақте як носозгорӣ байни ӯ ва ҷавони дустдоштааш мешавад ӯ боз аз ин раъйаш гаштаву ба шеваи қаблии либоспӯшӣ бармегардад.»

Аммо аксар ҷавонписарон бар инанд, ки агар барои зан зиндагӣ ва хушбахтии оилавӣ муҳим бошад, ӯ бояд ин пешниҳоди шавҳарони худро қабул кунанду аз ин мавзуъ як мушкил насозанд. Аз Меҳроҷиддин, як сокини пойтахт мепурсем, ки ҳамсари ояндаашро чӣ гуна дидан мехоҳад?

«Мо давлати исломӣ нестем, аммо мусалмон ки ҳастем, сатр барио зан фарз аст ва манн ҳам духтареро ба ҳамсарӣ мегирам, ки сатр пӯшад. Кор кунад бигузор, аммо рӯсараш ҳатман бошад, қабул накунад ман барояш мегӯям, ки ба ман чунин зан писанд ва даркор нест».

Зарафо Раҳмонӣ, яке аз масъулони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо роҳи иҷборӣ талошӣ рӯсарипӯш кардани занону духтарон дуруст нест. Хонум Раҳмонӣ меафзояд, бо роҳи тарбия ва бедор кардани эҳсоси исломпарастӣ дар вуҷуди занон онҳоро мебояд ба пӯшидани либоси исломӣ ҷалб кард, «Ҳамон тавре, ки дар донишгоҳу коргоҳҳо занону духтаронро маҷбур месозанд рӯсарии худро бигиранд, ҳамин иҷборсозӣ барои сатрпӯшӣ ҳам кори дуруст нест ва хилофи ҳама қонунҳо аст. Аз ин роҳ наметавонад натиҷаи хуб ба даст овард. Ҳар як нафарро вақте Худованд худ ҳидоят мекунад, ӯ дигар ба ҳарфи касе гӯш намедиҳад ва аз пайи анҷом масъулияти худ мешавад. Ҷомеаи Тоҷикистон ҷомеаи исломӣ аст ва бояд ҳар нафар дар хонавода аз хурдӣ ин пӯшишро тарғиб кунаду таълим бидиҳад ва муҳитеро фароҳам созад, ки духтар бо ихтиёри худ ин пӯшишро ба бар кунад ва масъулияти худро дарк кунад.»

Мавриди зикр аст, ки муддати чанд соли ахир, масъалаи ба шиддат рӯ овардани духтарону занони тоҷик ба навъҳои либоси исломӣ, яке аз мавзӯҳои аслии сӯҳбатҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ва мояи нигаронии бархе аз масъулони кишвар гашта буд. Даъвоҳои пурсару садои донишҷӯёни сатрпӯш бо масъулони вазорати моариф ва норозигиҳои ин гурӯҳи духтаронро ҳам шояд аксарият дар хотир доранд, ки мунҷар ба хориҷ шудани бархе аз духтарон аз таълимгоҳҳо шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG