Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ятсенюк: "Раъйпурсии Қрим эътироф намешавад"


Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина, гуфт, ҳеҷ кас дар ҷаҳони мутамаддин, натиҷаҳои ба истилоҳ “раъпурсӣ” барои пайвастани Қрим ба қаламрави Русияро эътрироф нахоҳад кард. Ӯ рӯзи ҷумъа ҳангоми суханронӣ дар Киев гуфт, Русия бояд нерӯҳояшро аз Қрим берун кашида ва аз кӯмак ба ҷудоихоҳони ин ҷумҳурии мухторро бас кунад. Порлумони Қрим рӯзи панҷшанбе қароре қабул кард, ки барои асоси он Қрим бояд ба Русия бипайвандад ва раъйпурсии умумӣ дар ин бора рӯзи 16 март баргузор баргузор шавад. Раҳбарони ҳарду палатаи порлумони Русия ҳам гуфтанд, ки аз ҳаракати мақомоти Қрим барои пайвастани ин ҷумҳурии мухтори Украина ба Русия ҳимоят мекунанд. Сергей Наришкин, раиси Думаи Давлатӣ рӯзи ҷумъа гуфт, палатаи поёнии порлумони Русия ба ин “интихоби таърихии” мардуми Қрим эҳтиром мегузорад. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумон ҳам гуфт, ки порлумони Қрим ҳақ дорад, доир ба сарнавишти ояндаи Қрим ҳамапурсӣ баргузор кунанд ва Шӯрои Федератсия ҳам тарафдори пайвастани ин минтақа ба Русия аст. Айни замон нерӯҳои Русия бисёре аз манотиқи муҳими Қримро, ки пойгоҳи бузурги Русия дар онҷост, таҳти назорат доранд.
XS
SM
MD
LG