Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аслов: "Толибон ҳамкорӣ бо Ал-Қоидаро бас кунанд"


Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, гуфтааст, ки Тоҷикистон тарафдори оғози ҳарчӣ зудтари музокироти сулҳ дар Афғонистон аст, вале айни замон аз Толибон мехоҳад, ҳамкорӣ бо Ал-Қоидаро бас кунанд ва ба Қонуни Асосии Афғонистон эҳтиром бигузоранд. Дар мақолае бо номи “Назари Тоҷикистон ба амнияти минтақавӣ пас аз соли 2014” дар нашри нави маҷаллаи “The European Times” аз рӯзи 6 март, Сироҷиддин Аслов навиштааст, Тоҷикистон тарафдори Афғонистони якпорчаву сарҷамъ аст ва намехоҳад, дар он ҳамзамон чанд ҳукумат, вуҷуд дошта бошад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон аз сидқи дил мехоҳад, дар Афғонистони ҳамсоя сулҳу субот барқарор шавад ва барои ин кор, ба қадри тавонии худ аз ҳар роҳе кӯмак мекунад. Вазири умури хориҷӣ афзудааст, барои посбонии марзи тӯлонӣ ва печидаи Тоҷикистон бо Афғонистон ва монеъ шудан аз сирояти эҳтимолии ноамнӣ ба минтақа, бояд ҷомеаи байналмилал ва кишварҳои минтақа дар посбонии марз ба Тоҷикистон кӯмак кунанд. Аз ҷумла бо чархболу, қаиқҳои баландсуръат ва дурбину таҷҳизоти пешрафтаи радёбӣ, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз онҳо маҳруманд. Қарор аст, то поёни имсол бисёре аз нерӯҳои хориҷӣ, ки ҳоло дар таъмини амният ба артиши Афғонистон кӯмак мекунанд, аз ин кишвар хориҷ шаванд. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки мумкин аст, баъди ин нерӯҳои афғон натавонанд, амният дар кишварашонро ба таври муносиб таъмин кунанд ва ҷангу кашмакаш дигарбора дар Афғонистон авҷ бигирад.
XS
SM
MD
LG