Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон гуфт, Фейсбуку Ютюб-ро мебандад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, гуфт, мумкин аст, торнамои Фейсбук ва Ютюбро баъди интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ бубанданд, зеро рақибони сиёсиаш аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ сӯистифода мекунанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин бора зимни сӯҳбат бо телевизиони хусусии ATV рӯзи панҷшанбе сӯҳбат кард. Чанде пеш дар Ютюб сабти муколамаи телефоние нашр шуд, ки дар он гӯиё нахуствазири Туркия бо писараш дар бораи пинҳон кардани пули зиёде сӯҳбат мекунанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки ин сабти сохта аст ва рақибонаш барои беобрӯ кардани ӯву ҳукуматаш дар остонаи интихоботи маҳаллӣ паҳн кардаанд. Қарор аст, интихобот рӯзи 30-уми март баргузор шавад. Ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки назорат бар низоми додгоҳӣ ва Интернетро моҳҳои ахир сахттар кардааст, дар хориҷу дохил барои нақзи ҳуқуқи инсон интиқод мешавад.
XS
SM
MD
LG