Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Ироқ ҳавопайморо аз нимароҳ баргардонд


Мақомоти Ироқ як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Лубнонро маҷбур кардаанд, ки аз нимароҳ баргашта ва писари ба парвоз дермондаи вазири нақлиёти Ироқро бигиранд. Ширкати ҳавопаймоии “Ховари Миёна”бо нашри баёнияе дар рӯзи панҷшанбе гуфт, баъд аз 20 дақиқаи парвоз аз шаҳри Бейрут, аз маркази назорат ба халабонҳо гуфтаанд, мақомоти Ироқ ба онҳо иҷозаи фуруд дар Бағдодро нахоҳанд дод, зеро писари Ҳодӣ ал-Амирӣ, вазири нақлиёти Ироқ аз ин парвоз дер мондааст. Ҳавопаймо бо 71 мусофираш ночор ба Бейрут бозгаштааст, вале дастёри вазири ироқӣ гуфтааст, ки ҳавопайморо барои он баргардониданд, ки дар хати парвози фурудгоҳи Бағдод тармим идома дошт.
XS
SM
MD
LG