Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо Путин бӯҳрони Украинаро баррасӣ карданд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ кардааст. Барак Обама ба Владимир Путин гуфтааст, ки амалкардҳои Русия дар Ҷумҳурии Мухтори Қрим беэҳтиромӣ ба истиқлолияти Украина аст ва аз ин сабаб Амрико алайҳи он мақомоти Русия ва Украина, ки дар дахолати низомӣ ба умури Украина даст доштанд, таҳрим эъмол кардааст. Барак Обама гуфтааст, ки роҳҳои дипломатии ҳалли бӯҳрони Украина вуҷуд дорад. Бар асоси ин пешниҳод, Русия тамоми нерӯҳояшро аз қаламрави Қрим ба пойгоҳҳои низомиаш дар ин нимҷазира бармегардонад ва бо миёнҷигарии ҷомеаи байналмилал бо мақомоти нави Украина гуфтугӯ мекунад ва ба нозирони байналмилалӣ иҷоза медиҳанд, ки мурооти ҳуқуқи мардуми русзабон дар Қримро замонат диҳанд. Ба гузориши хабаргузории “Итар ТАСС”, Владимир Путин ба Обама гуфтааст, ки “қарору тасмимҳои мақомоти нави Украина нисбат ба манотиқи шарқӣ, ҷанубушарқӣ ва Қрим” комилан ғайриқонунӣ аст.
XS
SM
MD
LG