Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алайҳи Қоимдод Қоимдодов, писари сафири Тоҷикистон дар Белорус бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир парванда боз кардааст.

Як мақоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 7-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки Раёсати нақлиёти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар мавриди сафед шудани Қоимдод Қоимдодовро бекор карда, алайҳи ӯ дубора тафтишотро оғоз кард.

Ин манбаъ афзуд, «замони боздошти келини Қоимдодов Муштарӣ Муборакшоева бо 2,5 кило маводи мухаддир дар фурудгоҳи Душанбе дар таърихи 16 сентябри соли гузашта, алайҳи Қоимдод Қоимдодов -- шавҳари Муштарӣ додгоҳи Шоҳмансур ба мӯҳлати 72 соат санксияи боздошт дода буд, вале пас аз анҷоми ин мӯҳлат рӯзи дигар, 17 сентябр додгоҳ санксия худро дар нисбати Қоимдод бо судури як ҳалнома бекор кард ва ӯро озод намуд, аммо тафтишот дар нисбати Муштари идома ёфт.»

Раёсати нақлиёти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар авоили ҳафтаи равон ҳалномаи додгоҳи Шоҳмансурро дар нисбати Қоимдод Қоимдодов бекор намуда, алайҳи ӯ бо моддаи 200 қисми 4 (қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми калон ) парванда боз намудааст. Аммо ҳанӯз Қоимдод Қоимдодов ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст

Қоимдод Қоимдодов бо иттифоқи ҳамсараш Муштарӣ Муборакшоева субҳи 16-уми сентябр тавассути хатсайри 631 аз Душанбе ба Маскав ва аз онҷо бояд ба Минск парвоз мекарданд, вале ҳангоми гузаштан аз расмиёти гумрукии фурудгоҳи Душанбе, аз сӯи кормандони гумрук боздошт шуданд. Ин манбаъ афзуд, онҳо вақте мавриди шакк қарор гирифтанд, ки дар бағочи онҳо мошини тафтишоти коло маводи шубҳаангезеро нишон дод ва вақте бағочро боз карданд, аз «махфигоҳ» - и махсуси ҷомадони онҳо 2,5 кило маводи мухаддир кашф шуд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ Муштарӣ Муборакшоева, келини Қозидавлат Қоимдодовро, ки дар кӯшиши интиқоли маводи мухаддир гунаҳгор дониста (тибқи моддаи 200, қисми 4 Кодекси ҷиноӣ, яъне «қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон») ба 12,6 соли зиндон маҳкум кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG