Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми март занону бонувони тоҷикро ба муносибати 8-уми март - Рӯзи Модар тавасути телевизионҳои давлатӣ табрик гуфт. Зимни сухангонии табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонад.» Аз ҷумла Раҳмон фармони президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»-ро мисол оварда гуфт, ки ин «намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо» мебошад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар «ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд.»
XS
SM
MD
LG