Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи имрӯз ифтитоҳ мешавад


Имрӯз, 7-уми март, маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи барпо мегардад.

Дар ин маросим, ки дар варзишгоҳи олимпии “Фишт” соати 20:00 ба вақти Маскав оғоз меёбад, ҷоми оташи Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи фурӯзон мешавад.

Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ аз 7-ум то 16-уми март баргузор мешаванд. Ба барномаи Бозиҳо 5 намуд – биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг бо аробача, пойгаи лижатозӣ ва слеҷ-хоккейи рӯи ях дохиланд.

Дар ин бозиҳо беш аз 1600 варзишгари имконияташон маҳдуд аз 45 кишвари ҷаҳон барои 72 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Аз ҳама бештар аз қораи Аврупо – 30 кишвар - ширкат меварзад. Аз қитъаи Амрико 6 кишвар – Аргентина, Бразилия, ИМА, Канада, Мексика ва Чили, аз қораи Осиё 7 кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Муғулистон, Узбакистон, Чин, Ҷопон ва Эрон, аз Уқёнус 2 кишвар – Австралия ва Зеландияи Нав иштирок мекунанд.

Дар Паралимпиадаи Сочи аз собиқ кишварҳои шӯравӣ варзишгарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия, Узбакистон ва Украина иштирок мекунанд.

Сафар Боев, раиси Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони кишвари мо дар Бозиҳои XI зимистонаи паралимпӣ дар Сочи ширкат намеварзанд. Ҳарчанд мо ба Паралимпиадаи Сочи даъватнома гирифтаем, вале аз сабаби он ки дар намудҳои зимистона варзишгар надорем, дар ин бозиҳо иштирок намекунем.”
XS
SM
MD
LG