Пайвандҳои дастрасӣ

Ятсенюк:"Қарори порлумони Қрим ғайриқонунист"


Арсений Ятсенюк-нахуствазири нави Украин гуфт, ки дархости порламони минтақаии Қрим дар бораи пайвастан ба Русия “ғайриқонунӣ” мебошад. Вай дар ин бора дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел сӯҳбат кард. Онҳо масъалаи ишғоли Қрим тавассути низомиёни Русияро баррасӣ мекунанд.

Ятсенюк ҳамчунин гуфт, ки Украина омода аст ҳар чӣ зудтар аҳдномаи ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба имзо расонад. Имзои ин аҳдномаро Виктор Янукович-раиси ҷумҳури барканоршудаи Украина рад карда буд ва ин иқдоми вай боиси оғози бӯҳрони кунунӣ дар Украина гардид.
XS
SM
MD
LG