Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин сафари расмии С.Аслов ба Маскав


Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо як сафари расмии дурӯза ба Маскав меравад. Ин нахустин сафари Сироҷиддин Аслов ба Маскав пас аз таъини ӯ ба мақоми вазири хориҷаи Тоҷикистон дар поёни соли 2013 мебошад.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Сироҷидин Аслов шоми имрӯз, 6 март барои як сафари расмӣ озими Москва хоҳад шуд. Вазорати хориҷаи Русия қаблан дар сомонааш хабар дод, ки Сироҷиддин Аслов бо даъвати вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар доираи як сафари расмии дурӯза озими Маскав хоҳад шуд. Гуфта мешавад, дар мулоқоти рӯзи 8 март Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров масоили муҳими муносиботи Тоҷикистону Русияро баррасӣ ва «Барномаи ҳамкории вазоратҳои хориҷаи ду кишвар барои соли 2014»-ро имзо хоҳанд кард. Яке аз масъалаҳое, ки мавриди гуфтугӯ қарор дода хоҳад шуд, густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши иқтисод ва тиҷорат хоҳад буд. Ҳамчунин қарор аст, масоили тавсиаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва хусусан омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG