Пайвандҳои дастрасӣ

Порламони Қрим хостори пайвастан ба Русия шуд


Порламони нави минтақаи Қрими Украина барои пайвастани Қрим ба Русия рай дод ва эълон кард, ки дар ин бора 16 март райпурсӣ анҷом мегирад. Рустам Темиргалиев-муовини нахуствазири минтақа гуфт, ки намояндагони порламон ба иттифоқи оро рай додаанд.

Темиргалиев мегӯяд, дар ин назрхоҳӣ аз мардум пурсида мешавад, ки онҳо мехоҳанд дар таркиби Украина бимонанд ё ба Русия бипайванданд. Павло Шеремет-вазири иқтисоди Украина ин райпурсиро ғайриқонунӣ номид.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки рӯзи панҷшанбе вазъи Украина, аз ҷумла дархости порламони Қрим дар мулоқоти Шӯрои Амният бояд баррасӣ шавад.

Раҳбарони рӯ ба Русияи Қрим ҳукумати нави Украинаро ғайриқонунӣ мешуморанд. Ҳукумати нави Украина барои боздошти нахустваззир ва раиси порламони Қрим дастури боздошт содир кардааст.
XS
SM
MD
LG