Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости собиқадорон аз ҳукумати Қирғизистон


Собиқадорони хадамоти махсуси Қирғизистон ва ниҳодҳои дигари интизомии ин кишвар аз ҳукумати кишварашон даъват кардаанд, ки дар Қирғизистон ба такрори “Евромайдон”-и Украина роҳ надиҳанд. Онҳо дар номаи худ гуфтаанд, ки “чунин марҳиларо паси сар кардаанд ва чунин фоҷеаро намехоҳанд”.

Ба ин гурӯҳ кормандони пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва кормандони пешини пулис дохил шудаанд. Ба навиштаи онҳо, нируҳои мухолифон бо ҳам муттаҳид мешаванд, то бори дигар ҳукуматро дар Қирғизистон тағир диҳанд.
XS
SM
MD
LG