Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътимодномаи 11 сафир ба Эмомалӣ Раҳмон


Имрӯз 6-уми март Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сафирони навтаъини 11 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Тавре аз дафтари матбуотии раиси ҷумҳур рӯзи 6-уми март хабар доданд, сафирони нави Туркманистон - Ишанкули Аманлиев, Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, ҷумҳурии Сербия - Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб- Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ, ҷумҳурии Корея- Ли Ук-Хен, ҷумҳурии Словакия-Павол Иван, Давлати Фаластин- Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ, ҷумҳурии Мисри Араб- Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, ҷумҳурии Судон-Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал-Ҳаҷ, ҷумҳурии Кипр-Георгиос Касулидис ва Гурҷистон-Константин Жгенти эътимодномаҳои худро ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон тақдим намуданд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон сафирони тозатаъинро бо оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрик гуфта, «изҳори итминон намуд, ки онҳо ба рушду тавсиаи муносибатҳои гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.»
XS
SM
MD
LG