Пайвандҳои дастрасӣ

Саъдӣ Қаззофиро ба Либия таслим карданд


Саъдӣ Қаззофӣ (акс аз бойгонӣ)

Саъдӣ Қаззофӣ (акс аз бойгонӣ)

Мақомоти интизомии Нигерия писари Муаммар Қаззофӣ-диктатори кушташударо ба Либия супурдаанд. Дар эъломияи ҳукумати Либия хабар дода мешавад, ки Саъдӣ Қаззофӣ рӯзи панҷшанбе ба Троблус оварда шудааст ва ҳоло дар зиндон қарор дорад. Мақомоти Либия қавл додаанд, ки вайро бар асоси муқаррароти байналмиллалӣ муҳокима хоҳанд кард.

Саъдӣ Қаззофиро барои ширкат дар куштори эътирозгарон дар соли 2011 дар Либия ва ҳамчунин ғайриқонунӣ моликияти худ кардани дороиҳо гунаҳгор медонанд. Саъдӣ дар муқоиса бо бародари бузурги худ Сайфулислом аз тарафи додгоҳи ҷурму ҷиноёти байналмиллалӣ ҷустуҷӯ намешавад.

Моҳи сентябри соли 2011 Саъдӣ Қаззофӣ-футболбози касбӣ ва соҳибкор баъд аз суқути режими падараш ба Нигерия фирор карда буд.
XS
SM
MD
LG