Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 сарбози кушта дар ҳамлаи бесарнишин


Нируҳои НАТО дар Афғонистон таъйид карданд, ки 5 сарбози артиши миллии Афғонистон субҳи рӯзи панҷшанбе дар вилояти Лугар ғайричашмдошт дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шудаанд. 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.Намояндагони ҳукумати Афғонистон мегӯянд, ки ин ҳамлаи иштибоҳии бесарнишин будааст.

Ба назар мерасад, ки ин куштор муносиботи нируҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрикоро бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон бештар сард хоҳад кард. Карзай барои интиқод аз талошҳои нируҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон аз чунин кушторҳо истифода мекунад.
XS
SM
MD
LG