Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Николай Ноев, варзишгари Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии озод «Mongolia Open-2014» медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори чаҳорум баргузор шуд, наздики 200 гуштигир аз 11 кишвар - Булғористон, Кореяи Шимолӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Украина, Чин ва Ҷопон ширкат доштанд. Варзишгарон барои медалҳо дар ҳашт вазн рақобат карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа танҳо як нафар – Николай Ноев, ки дар ҷумҳурии Сахаи Русия ба сар мебарад, намояндагӣ кард. Вайдар рақобатҳо дар вазни то 57 кг дар нахустин қувваозмоияш бар Ҷ.Баярхуу аз Муғулистон пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Ясухиро Инаба ҷопонӣ мағлуб гашт. Бо вуҷуди ин Ноев имкон пайдо кард, ки барои медали биринҷӣ мубориза барад. Ӯ барои ҷойи севум бар гуштгири муғул Б.Бат-Эрден ғолиб омад.

Ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн ҷоизапулӣ ба маблағи 1500 доллар, барои ҷойи дувум - 1000 доллар ва барои ҷойи севум - 500 доллар супурда шуд.
Дар ҳисоби дастаӣ тими мизбон – Муғулистон - ҷойи аввал, варзишгарони Русия ҷойи дувум ва гуштигирони Чин ҷойи севумро гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Николай Ноев моҳи январи соли равон дар мусобиқаи XXV байналмилалии гуштии озод бо номи “Голден Гран-при Иван Яригин” барандаи медали биринҷӣ шуда буд. Ин мусобиқаи ҷашнӣ ба хотираи қаҳрамони дукаратаи олимпӣ Иван Яригин дар шаҳри Красноярски Русия бо ширкати беш аз 190 варзишгар аз 17 кишвар баргузор шуд. Николай Ноев дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг барои ҷойи севум бар гуштигири Русия Нодар Арабидзе пирӯз шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.

Шарҳи ҳол
Николай Ноев 24-уми феврали соли 1988 дар Ёқутистони Русия таваллуд шудааст. Вай дар мусобиқоти байналмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ соли 2012 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Булғористон соҳиби медали биринҷӣ шуда буд. Худи ҳамон сол Николай дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинкии Финляндия мақоми дувумро касб карда, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 шуд. Вале Николай дар Олимпиадаи Лондон дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гуштии озод дар вазни то 55 кг дар даври муқаддамотӣ аз рақиби пуртаҷрибаву номдораш Радослав Маринов Великов аз Булғористон, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 ва қаҳрамони ҷаҳон (2006), бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.

Ғолибону ҷоизадорони “Mongolia Open – 2014»:

57 кг
1. Виктор Рассадин (Русия)
2. Ясихуро Инаба (Ҷопон)
3. Николай Ноев (Тоҷикистон)
3. Дандинбазар Тсонгтбаатар (Муғулистон)

61 кг
1. Темур Пестерев (Русия)
2. Лхамгармаа (Муғулистон)
3. Номин Батболд (Муғулистон)
3. Булат Батоев (Русия)

65 кг
1. Батчулуун Батмагнай (Муғулистон)
2. Базар Базаргуруев (Қирғизистон)
3. Котара Танака (Ҷопон)
3. Баттулгин Нямдорҷ (Муғулистон)

70 кг
1. Мандахнаран Ганзориг (Муғулистон)
2. Буянҷав Батсоориг (Муғулистон)
3. Лхагвадорҷ (Муғулистон)
3. Арсалан Будаҷапов (Русия)

74 кг
1. Аманесен Бахитханули (Қазоқистон)
2. Пуревҷав Унарбат (Муғулистон)
3. Энхбаяр Батчулуун (Муғулистон)
3. Леонид Базан (Булғористон)

86 кг
1. Алберт Саритов (Русия)
2. Нямбаяр (Муғулистон)
3. П.Усехбаатар (Муғулистон)
3. Пурэвдорҷ (Муғулистон)

97 кг
1. Дорҷханд Худэрбулга (Муғулистон)
2. Чагнаадорҷийн Ганзориг (Муғулистон)
3. Мамед Иброҳимов (Қазоқистон)
3. Тсагаан Заан (Чин)

125 кг
1. Натсагсурэн Золбоо (Муғулистон)
2. Жаргалсайхан Чулуунбат (Муғулистон)
3. Р.Пурэвдагваа (Муғулистон)
3. Б.Одгэрэл (Муғулистон)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG