Пайвандҳои дастрасӣ

Бори нахуст «Ҳафтмим»-и дастурхони наврӯзӣ дар Душанбе


Бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дирӯз мақомоти пойтахт тарҳи таҷлили иди “Наврӯз-2014”-ро тасдиқ кард ва доираи барномаи наврӯзӣ дар баробари “ҳафтсин”-у “ҳафтшин” “ҳафмим” ҳам ворид карда шуд.

Дафтари матуботи ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми март ба Озодӣ гуфт,
дар доираи барномаи таҷлили Наврузи имсола ба фарқ аз таҷлилҳои солҳои пешин бар иловаи дастурхони «ҳафтсин»-у «ҳафтшин», ҳамчунин дастурхони «ҳафтмим» бори аввал густурда мешавад, ки дар он “майса” аз ороишоти аслии ин дастурхон хоҳад буд. Дар ҷашнгоҳи Наврузӣ 7 ташт барои оташ, ва ҳафт миҷмари бузурги сипандсӯз дар ҳафт гушаи он гузошта хоҳад шуд.

Ҳамчунин ба истиқболу таҷлили бошукӯҳи Иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе 21-уми марти соли 2014 аз мушакпарронии идона дар Боғи «Ғалаба» ва ҳаракати корвонҳо аз боғи мазкур то маҳалли муҷассамаи Рӯдакӣ ба дунболи он ба пояи муҷассамаи Фирдавсӣ ва то маҳалли муҷассамаи Сино ҳаракат намуда дар дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба ҳам омада дастиҷамъона ба «Наврӯзгоҳи пойтахт» ворид мешаванд.
XS
SM
MD
LG