Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси шӯрои федератсияи Русия ба Тоҷикистон меояд


Раиси Шӯрои федератсияи Русия бо як сафари ду рӯза ба Тоҷикистон меояд. Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон рӯзи 6-уми март зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ташрифи расмии Валентина Матвиенко, раиси шӯрои федератсия, палатаи болои порлумони Русия ба Тоҷикистон рӯзҳои 12 ва 13 март сурат мегирад."

Густариши равобити порлумонӣ ва баррасии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия дар меҳвари сафари расмии Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон унвон мешавад.

Ба ин далел хонум Матвиенко дар ҷарёани сафари худ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҷузъиёти бештари барномаи сафари раиси шӯрои федератсияи Русия ба Тоҷикистон эълон нашудааст, аммо омодагиҳо ба ин сафар ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG