Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳургарон бинои ҳукумати Донетскро ишғол карданд


Тазоҳургарони тарафдори Русия қароргоҳи шаҳри Донетски Украинаро ишғол карда ва парчами Русияро дар табақаи дуввуми он барафрохтаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин маҳал гузориш дод, ки тазоҳургарон сафи пулисро шикаста ва вориди бинои ҳукумати Донетск шуданд. Тазоҳургарони тарафдори Русия ин биноро чанд рӯз пеш ишғол карда буданд, вале пулис имрӯз онҳоро имрӯз бо ин гуфта, ки дар бино бомб гузошта шудааст, аз онҷо берун кард. Баъди ин ҳудуди сад маъмури пулис биноро иҳота карданд ва 1000 тазоҳургари Русиягаро дар муқобили онҳо қарор гирифтанд
XS
SM
MD
LG