Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳамлаҳо дар Бағдод 17 нафар ҷон доданд


Дар силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри Бағдоди Ироқ дар рӯзи чаҳоршанбе дасти кам 14 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Таркишҳо дар маҳаллаҳои умдатан шианишини Заъфарония, Каррода ва Шаъаб ба вуқӯъ пайвастанд. Таркишҳо дар маҳаллаҳои шиъанишинро кори дасти ҷиҳодиёни суннимазҳаб медонанд. Хунрезӣ дар соли гузашта дар Ироқ ба ҳадде авҷ гирифт, ки фақат соли 2008 дар замони муноқишаҳои мазҳабӣ дида шуда буд. Ба гуфтаи хабарнигорон, норизоии аққалиятҳои суннимазҳаб дар Ироқ ва ҳамчунин ҷанг дар Сурияи ҳамсоя аз сабабҳои бештар шудани хушунат дар Ироқ аст. Ба гузориши хабаргузории Франс Пресс, сар аз якуми январ то кунун дар Ироқ 1800 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG