Пайвандҳои дастрасӣ

Русия талоши мутобиқсозии фарҳангии муҳоҷиронро дорад


Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия тарҳи қонун дар бораи мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангии муҳоҷирони кориро таҳия кард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе, 5 март, ба Радиои Озодӣ Залина Корнилова, сухангӯи ин хадамот, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи қонун ба хотири ошноии бештар бо он ахиран дар сомонаи интернетии Хадамоти федеролии муҳоҷират ҷой дода шуд. Қарор аст, ки ин тарҳ баъдан ба ҳукумат ва парлумони Русия ироа шавад.

Мақомоти Хадамоти федеролии муҳоҷират мегӯянд, ки бар пояи ин тарҳ қарор аст дар Русия шабакаи марказҳои омӯзишӣ таъсис дода шаванд ва муҳоҷирони корӣ аз дигар кишварҳо тайи шаш моҳ дар хобгоҳҳои ин марказҳо иқомат карда, забони русӣ, таърих ва қонунҳои Русияро омӯзанд. Муҳоҷирон баъд аз супурдани имтиҳон ҳаққи иқомати муваққат дар Русияро пайдо хоҳанд кард.

Ба навиштаи расонаҳои чопи Маскав, қарор аст, ки марказҳои мутобиқшавӣ аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ таъсис шаванд. Раиси Раёсати мусоидат ба ҳамгироии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Татяна Бажан ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки марказҳои «пилоти»-и мутобиқсозии муҳоҷирони корӣ аллакай дар шаҳрҳои Оренбург ва Тамбов таъсис шудаанд. Дар ин марказҳо муҳоҷирон фақат барои иқомат дар хобгоҳ маблағ пардохт мекунанд.

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ки аз ҳама бештар барои кор ба Русия шаҳрвандони Украина ва Узбакистон меоянд. Теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беш аз як миллион нафар аст.
XS
SM
MD
LG