Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Украина дар Фаронса баррасӣ мешавад


Интизор меравад, имрӯз 5 март Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва Сергей Лавров, ҳамтои руси ӯ дар мулоқоте дар шаҳри Порис, роҳҳои фурӯ нишондани таниш бар сари бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ кунанд. Дар остонаи ин нишаст, Сергей Лавров дар шаҳри Мадрид гуфт, Русия наметавонад ба сарбозони Қрим амр диҳад, ки ба пойгоҳҳояшон баргарданд, зеро онҳо нерӯҳои “худмуҳофизатианд” ва на сарбозони маъмулии Русия. Ба гуфтаи Сергей Лавров, дар бораи даъвати нозирони байналмилалӣ ба Қрим бояд мақомоти ин ҷумҳурии мухтор ва мақомоти Украина тасмим бигиранд. Айни замон Андрий Дечитса, вазири муваққати умури хориҷии Украина, рӯзи чаҳоршанбе баъд аз мулоқот бо Лаурент Фабиус, вазири хориҷии Фаронса гуфт, кишвараш хоҳони ҳалли сулҳомези бӯҳрони Украина аст ва мехоҳад, бо Русия “равобити ҳамсоявор” дошта бошад.
XS
SM
MD
LG