Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаъфаров: Хуруҷи зардпарвинро "воҳима" кардаанд


Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, расонаҳо доманаи хуруҷи бемории зардпарвин (гепатит А)дар навоҳии вилояит Суғдро «воҳима» кардаанд.
Ахиран дар сомонаи centrasia.ru хабаре нашр шуд, ки мегӯяд, танҳо дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғди Тоҷикистон беш аз 50 тан гирифтори бемории зардпарвин шудаанд. Аммо Наврӯз Ҷаъфаров, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи бемории зардпарвин дар вилояти Суғд ҷой дорад, вале на ба андозае, ки дар матбуот воҳима кардаанд. «Инки гуё дар ноҳияи Шаҳристон беш аз 50 нафар дучори зардпарвин шуда ва дар навоҳии дигари вилояти Суғд низ ин беморӣ хуруҷ кардааст, асосе надорад ва мо ба он посухи расмӣ додем,» - зикр мекунад ҷаноби Ҷаъфаров.
Дар ҳамин ҳол, маркази беҳдошт ва беҳдории ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, дар ин ноҳия дар соли равон 19 нафар мавриди гирифторӣ ба бемории зардпарвин ба қайд гирифта шуда, гирифторон аслан хурдсолони аз 5 то 10-сола мебошанд. Сӯфимаҳмад Зокиров, мудири маркази беҳдошт ва беҳдории ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, гирифторони бемори зардпарвин таҳти назорати ҷиддӣ буда, барои ҷилавгирӣ аз сирояти он ҳамаи чораҳо ҷуста мешавад. Вай мегӯяд, сабабҳои гирифтор шудани кӯдакон ба зардпарвин асосан аҳамият надодани онҳо ба шароити одии тозагию санитарист. Дар соли гузашта дар Мастчоҳ беш аз 20 тан ба зардпарвин гирифтор шуда буд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон вуҷуди бемории зардпарвин (гепатит А) дар Суғдро рад намекунад, вале мегӯяд, ки ҳамаи марказҳои тиббӣ ва беморхонаҳо омодаи кумак ба гирифторон мебошанд.
XS
SM
MD
LG