Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин бо Лукашенкову Назарбоев мулоқот дорад


Президентҳои Русияву Ҷумҳурии Белорус ва Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе 5 март дар Маскав роҳҳои ҳамгироии бештари ҳар се кишварро баррасӣ мекунанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Русия гуфт, ки Владимир Путин, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев, фаъолияти ҳозираи Иттиҳоди Гумрукиро баррасӣ мекунанд, ҳар се кишвар узви онанд ва мехоҳанд дар заминаи ҳамин иттиҳодия, Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиёро таъсис диҳанд. Иттиҳоди Гумрукӣ соли 2011 ба раҳбарии Русия таъсис шуд, ки мехоҳад, онро то соли 2015 шабеҳи сохтори Иттиҳодияи Аврупо ба Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё табдил диҳад.
XS
SM
MD
LG