Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Маскав мухолифини ҷангро боздошт мекунад


Дар шаҳри Маскав дар канори бинои вазорати дифои Русия шоми сешанбе, 4 март, ҳамоиши зиддиҷангӣ баргузор шуд. Ба иттилои хабарнигори Озодӣ дар ин ҳамоиш, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил шудааст, даҳҳо нафар ширкат мекунанд. Чанд тан аз фаъолон аллакай аз сӯи кормандони полис боздошт шудаанд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки мухолифини ҷанг бо Украина дар канори бинои вазорати дифои Русия бо шиорҳои “Мо зидди таҷовузи Русияи путинӣ алайҳи Украинаем!”, “Мо хилофи забти Қримем!”, “Мо муқобили вориди ҷанги худкӯшона кардани кишварем!”ҷамъ хоҳанд омад.

Рӯзҳои гузашта низ дар Маскав ва чанд шаҳри бузурги Русия намоишҳои зиддиҷангӣ доир шуданд, аммо кормандони полис онҳоро пароканда намуданд. Садҳо тан аз тазоҳургарон боздошт шуданд.

Намоишҳои эътирозӣ алайҳи вуруди низомиёни рус ба Украинаро дар чанд шаҳри аврупоӣ ҳам баргузор карданд.
XS
SM
MD
LG