Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ: ИМА ба Украина як миллиард доллар қарз медиҳад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи сешанбе, 4 март, баъди вуруд ба шаҳри Киев ваъда дод, ки Вошинтон ироаи қарзи Амрико ба маблағи як миллиард доллар ба Украинаро кафолат медиҳад. Ӯ дар Киев бо кафили раёсатҷумҳурии Украина Олександр Турчинов ва сарвазир Арсений Ятсенюк мулоқот кард.

Аз ин пеш парлумони Украина ёддошти тафоҳум дар мавриди ироаи 610 миллион евро кӯмаки макроиқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ба Украинаро тасвиб кард. Ширкати русии “Газпром” бошад, рӯзи сешанбе эълом дошт, ки аз моҳи апрел интиқоли газ ба Украина бо қимати имтиёзнок қатъ мешавад, зеро Киев то ҳанӯз қарзҳои пешини худро барнагардонидааст.

Аз ин пеш вазорати дифои ИМА ҳама гуна робитаҳо бо вазорати дифои Русияро мутаваққиф кард. Ба гуфтаи намояндаи Пентагон Ҷон Кирбӣ, ин тасмим рӯи ҳама гуна робитаҳои низомии миёни ду кишвар, аз ҷумла, машқҳои муштарак ва чандҷониба, ташрифи низомиён ба бандарҳо, баргузории конфаронсу дигар нишастҳо таъсир хоҳад гузошт. Ӯ рӯзи сешанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ҳарчанд ҳамаи ин робитаҳо барои Амрико пурарзишанд, Вошингтон бар асари аъмоли Маскав дар Украина маҷбур аст онҳоро мутаваққиф кунад. “Мо аз Русия даъват мекунем, ки ба хотири рафъи бӯҳрон дар Украина ҳама низомиёни русро ба пойгоҳҳои Флоти Русия дар баҳри Сиёҳ гаргардонад”, изҳор намуд Ҷон Кирбӣ.

Намояндаи Пентагон овозаҳо дар мавриди дар минтақа пайдо шудани киштиҳои низомии Амрикоро рад кард ва таъкид намуд, ки ягон киштии нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА аз пойгоҳҳо берун нашудааст.
XS
SM
MD
LG