Пайвандҳои дастрасӣ

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо байни мардон дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чех мақоми панҷумро касб кард.

Дар ин мусобиқа 255 варзишгар аз 40 кишвар ширкат доштанд. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни зери 90 килограмм дар нахустин қувваозмоияш бар Александр Мармелюк аз Эстония ғолиб омада, баъдан бар Айбол Айтбеки қазоқ пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Милан Радл аз Словакия шикаст хӯрд. Сипас Комроншоҳ бар Петер Палчик аз Исроил дастболо шуд, ва аммо барои ҷойи севум қувваозмоиро ба Кристиан Тот аз Маҷористон бохт ва дар натиҷа аз медали биринҷӣ бенасиб монд. Дар ин вазн, ки 34 нафар ширкат дошт, Мурод Гасиев аз Русия ғолиб шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Италия бо касби як медали тилло ва ду биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Тимҳои Қазоқистону Белгия низ яктоӣ медали тилло ва дутоӣ нишони биринҷӣ ба даст оварданд, вале бо назардошти ҷойҳои панҷум мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум қарор гирифтанд.

Дарвоқеъ, ин севумин мусобиқаи байналмилалист, ки Комроншоҳ имсол ширкат кардааст. Вай ба ин мусобиқот дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон омодагӣ дидааст.

Паҳлавони маъруфи тоҷик имсол дар нахуст дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо бо номи “Тоскулоҳи бузург”дар шаҳри Пориси Фаронса ширкат варзида, дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Кю Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд.

Баъдан Комроншоҳ дар мусобиқаи кушодаи Аврупо оид ба дзюдо байни мардон дар шаҳри Оберварти Австрия иштирок кард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар нахустин қувваозмоияш бар Арчи Волфман аз Исроил ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ аз Такеши Сугаҳара (Ҷопон) мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гардид.
Ба назари коршиносон, паҳлавони ҷавони тоҷик дар ин се мусобиқаи пурнуфуз таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кард, ки ба ӯ дар мусобиқоти минбаъда ба кор хоҳад омад.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи кушодаи Аврупо дар Прага:
Вазни то 60 кг
1. ИМАШЕВ Ойбек (Қазоқистон)
2. БОҒИРОВ Ориф (Беларус)
3. ДАВТЯН Ховханнес (Арманистон)
3. ҚИРҒИЗБОЕВ Гумар (Қазоқистон)
Вазни то 66 кг
1. ВЕРДЕ Элио (Италия)
2. ШЕРШАН Дмитрий (Беларус)
3. ЛЕФЕВЕРЕ Ҷаспер (Белгия)
3. ЗАМБОРИ Беное (Маҷористон)

Вахни то 73 кг
1. КАТСУМИ Сошин (Олмон)
2. РАМАНЧУК Алексей (Беларус)
3. ЧОУЧИ Сами (Белгия)
3. РЕГИС Андреа (Италия)

Вазни то 81 кг
1. МРВАЛЕВИЧ Срҷан (Черногория)
2. ЧОКНЯЙ Ласло (Маҷористон)
3. БЛАХ Лукаш (Лаҳистон)
3. КАРОЛЛО Жованни (Италия)

Вазни то 90 кг
1. ГАСИЕВ Мурод (Русия)
2. КУКОЛЖ Александр (Сербия)
3. РАНДЛ Милан (Словакия)
3. ТОТ Кристиан (Маҷористон)

Вазни то 100 кг
1. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
2. ЧИРЕНИЧ Миклош (Маҷористон)
3. БОРОДАВКО Евгений (Латвия)
3. ҚОЗИБОЕВ Одилхон (Қазоқистон)

Вазни +100 кг
1. КРПАЛЕК Лукаш (Ҷумҳурии Чех)
2. ПАСКЕВИЧУС Мариус (Литва)
3. БОР Барна (Маҷористон)
3. УЛЗИИБАЯР Дууренбаяр (Муғулистон)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG