Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби рубли русӣ босуръат пойин меравад


Рубли русӣ 2 сол пеш дар Душанбе хеле "бақувваттар" буд
Рубли русӣ 2 сол пеш дар Душанбе хеле "бақувваттар" буд
Ба дунболи ҳаводиси Украина қурби рубли русӣ чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон босуръат поён меравад. Бонки миллии Тоҷикистон коҳиш ёфтани рубли русӣ дар баробари сомониро шарҳ дод. Тибқи монитрониги Бонки миллӣ, қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ тайи як ҳафтаи ахир бетағйир мондааст. Аз дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 4 март ба радиои «Озодӣ» коҳиш ёфтани рубли русӣ дар баробари сомониро радд карданд ва гуфтанд, ки мониторинги ҳаррӯзаи бонк нишон медиҳад, ки агар 10 рубли русӣ чанд рӯз қабл 1, 33 дирам буд, имрӯз низ дар ҳамин мизон қарор дорад.

Дар Русия бо дарназардошти ҳаводиси Украина қурби рубли Русия дар баробари доллар ва евро ба таври бесобиқа поин рафта, аз марзи 37 рубл баробари як доллар гузаштааст. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бо ин вуҷуд, дар Тоҷикистон рубл дар муомилаи фаъол қарор дорад.

Аммо фурӯшандаҳои нуқтаҳои асъори шаҳри Душанбе мегӯянд, ки аз дирӯз қурби 10 рубли русӣ аз 1 сомонию 33 дирам ба 1 сомонию 27 дирам поин рафтааст. Зариф Маъмуров, яке аз фурӯшандаҳои нуқтаи асъори Душанбе мегӯяд, ки се рӯз қабл 10 рубли русӣ ҳатто 1 сомонию 35 дирам иваз карда мешуд, вале ҳоло дар ивази 1 сомониву 27 аз мардум харидорӣ карда мешавад. Вай гуфт, ки аз субҳи имрӯз то ҳол мардум хеле кам рубли русӣ иваз мекунанд. Аммо дар навоҳии дигар вазъ ба гунаи дигар қарор дорад. Яке аз сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки дар нуқтаҳо асъори онҷо 10 рубли русӣ дар ивази 1 сомониву 32 дирам иваз карда мешавад.
XS
SM
MD
LG